Эрон ҳамлаи террористӣ дар Доғистони Русияро маҳкум кард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i30203-Эрон_ҳамлаи_террористӣ_дар_Доғистони_Русияро_маҳкум_кард
Сухангуи Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон ҳамлаи гурӯҳи террористии ДИИШ-ро ба калисое дар ҷумҳурии худмухтори Доғистони Русия маҳкум кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 19, 2018 13:18 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҳамлаи террористӣ дар Доғистони Русияро маҳкум кард

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон ҳамлаи гурӯҳи террористии ДИИШ-ро ба калисое дар ҷумҳурии худмухтори Доғистони Русия маҳкум кард.

Баҳроми Қосимӣ дар паи ҳамлаи террористии ДИИШ ба калисое дар Доғистон, ки чаҳор кушта ва панҷ захмӣ бар ҷой гузошт, бо давлату миллати Русия ва хонаводаи қурбониёни ин ҷиноят ибрози ҳамдардӣ кард .

Қосимӣ гуфт: Куштори бегуноҳон дар маконҳои муқаддаси мазҳабӣ ва душманӣ бо адён, шохисаи гурӯҳҳоест, ки барои даҳшатафканӣ ва нафратпароканиҳои худ марзҳои динӣ ва ахлоқиро дар менаварданд ва иртикоби ҳаргуна ҷиноятеро барои даст ёфтан ба аҳдофи палидашон муҷоз медонанд .

ДИИШ масъулияти ин тирандозиро бар уҳда гирифтааст .