Таслияти солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с)
Фардо сеюми ҷамодиалсонии 1439 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 20 феврали 2018 солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с), духтари гиромии ҳазрати Муҳаммад (с), паёмбари гиромии ислом ва ҳамсари амири муъминон Алӣ ибни Абутолиб (а) аст.
Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) дар бистуми ҷамодиалсонии соли панҷуми беъсат дар Маккаи мукаррама ба дунё омаданд ва аз кӯдакӣ таҳти роҳнамоиҳои падари бузургворашон бо маорифи олии илоҳӣ ошно шуданд .
Эшон дар саросари зиндагии худ, саховат, исор, гузашт, сабр, қаноат, ибодати парвардгор ва кумак ба зердастонро ба зеботарин шакли мумкин ҷилвагар сохтанду инсонҳои бузургу торихсозе ҳамчун имом Ҳасан (а) ва имом Ҳусайн (а) дар домонашон парвариш ёфтанд .
Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) пас аз 18 соли зиндагӣ ба ривояте дар 13 ҷамодиалвалӣ ба ривояте дар сеюми ҷамодиалсонии соли 11 ҳиҷрии қамарӣ ба шаҳодат расиданд .
Радиои тоҷикии Садои Хуросон солрӯзи шаҳодати ҳазрати Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с)-ро ба ҳамаи мусулмонону озодихоҳони ҷаҳон таслият мегӯяд .