Феврал 21, 2018 11:02 Asia/Dushanbe
  • Оғоз ба кори ҳамзамон 3 намоишгоҳи байналмилалӣ дар Теҳрон

Намоишгоҳҳои байналмилалии муҳити зист, энержиҳои таҷдидпазир ва санъати намоишгоҳӣ ва саноеи вобаста имрӯз, чаҳоршанбе бо ширкати даҳҳо ширкати эронӣ ва хориҷӣ ҳамзамон дар Теҳрон оғоз ба кор мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, дар намоишгоҳи байналмилалии муҳити зист ва намоишгоҳи байналмилалии энержиҳои таҷдидпазир, баҳраварӣ ва сарфаҷӯии энержӣ беш аз 220 ширкат аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ва 10 кишвари Норвегия, Чин, Олмон, Туркия, Юнон, Австрия, Тайван, Швейтсария, Кореяи Ҷанубӣ ва Италия ҷадидтарин тавлидот, саноеъ ва хадамоти худро ба намоиш мегузоранд.

Дар ин намоишгоҳ охирин дастовардҳои арсаи ҳифозати муҳити зист, аз ҷумла энержиҳои пок, бозёфт, софкунандаи олудагии ҳаво, об ва пасоб ва таҷҳизоти озмоишгоҳӣ ироа хоҳад шуд.

Дар намоишгоҳи байналмилалии энержиҳои таҷдидпазир низ ҷадидтарин дастовардҳо ва фанновариҳои ин ҳавза, аз ҷумла анвои энержии хуршедӣ, энержии бодӣ, энержии замингармоӣ, баҳраварии энержӣ, беҳинасозии масраф, сарфаҷӯии масрафи барқ, нерӯгоҳҳои хуршедӣ ва турбинаҳои бодӣ ва системҳои ҳибридӣ ба намоиш гузошта мешавад.

Дар нахустин намоишгоҳи байналмилалии санъати намоишгоҳӣ ва саноеи вобаста беш аз 60 ширкати эронӣ ҷадидтарин саноеъ, таҷҳизот, хадамот ва фанновариҳои навини намоишгоҳиро, ки мутаносиб бо стандарти ҷаҳонии Иттиҳоди ҷаҳонии санъати намоишгоҳӣ аст, ба намоиш мегузоранд.

 

Барчасп