Маросими сугвории шаҳодати уммиабиҳо ҳазрати Фотима (с) дар Маскав+видео
Форсизабонон ва шаҳрвандони эронӣ, афғонӣ, тоҷик ва озарии сокини Маскав ҳамзамон бо айёми шаҳодати мазлумонаи Сиддиқаи мутаҳҳара ҳазрати Заҳрои атҳар(с) дар масҷиди Хотамуланбиёи Маскав сугворӣ ва азодорӣ карданд.
Ба гузориши рӯзи чоршанбеи Parstoday, дар ин маросим ҳуҷатулислом валмуслимин Фатҳӣ-устоди ҳавза ва донишгоҳ, ҳазрати Фотима (с)-ро намунаи воқиӣ дифоъ аз ҳарими имомат ва вилоят баршумурд.
Вай гуфт: Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) ба унвони мисдоқи ошкори истодагӣ, покдоманӣ, нафақат барои занони мусулмон, балки барои ҳамаи занони олам улгу ҳастанд.
Ин маросим бо қироати зиёрати Ошуро, навҳасароӣ ва синазанӣ дар расои бонуи ду олам ба поён расид.
Маросими азодории солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) дар Боку -пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон низ баргузор шуд.
Дустдорони аҳли байти исмату таҳорат алайҳимуссалом дар Ҷумҳурии Озарбойҷон бо ҳузур дар маросими азодории шаҳодати, ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) дар Боку ва дигар шаҳрҳои ин кишвар ҷилваи зебое аз ишқ ва дилдодагии худро ба хонадони аҳли байти исмат ва таҳорат ба намоиш гузоштанд.
Ҳозирон бо синазанӣ ва навҳахонӣ дар масҷидҳо ва маконҳои мазҳабӣ, дар суги шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) ашки мотам рехтанд ва ба азодорӣ пардохтанд.
Севвуми ҷимодуссонии соли 1439 ҳиҷрии қамарӣ солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) аст.