Феврал 21, 2018 15:52 Asia/Dushanbe
  • Оғози амалиёти поёнӣ барои интиқоли пайкарҳои ҷонбохтагони ҳавопаймои мусофирбарӣ дар Эрон

Муовини амалиёти Созмони имдоду наҷоти ҷамъияти Ҳилол аҳмари Эрон, аз оғози амалиёти поёнӣ барои ҷустуҷӯи пайкарҳои боқимондаи ҳавопаймои мусофирбарии АТР ва интиқоли пайкарҳои пайдошуда аз маҳалли ҳодиса хабар дод.

Шоҳини Фатҳӣ бо баёни инки амалиёти поёнӣ аз сӯбҳи имрӯз чаҳоршанбе дар минтақаи куҳи Кали Дино (ҷануби ғарби Эрон) оғоз шудааст афзуд: Бист гуруҳи чаҳорнафара ба сурати пиёда ба минтақаи маҳалли сарнагуншудани ҳавопаймои мусофирбарии АТР барои интиқоли пайкарҳо фиристода шуданд.

Муовини амалиёти Созмони имдоду наҷоти ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Эрон таъкид кард: Ҳам шароити обу ҳавоии номусоид ва ҳам қисмҳои аз ҳампошидаи ҳавопаймо , кори ҷамъоварии пайкарҳои ҷонбохтагони ин ҳодисаи ҳавоиро мушкил кардааст.

Аббоси Биҳиштӣ- фармондори минтақаи Дино дар вилояти Куҳкилуя ва Буйираҳмад (ҷануби ғарби Эрон) ҳам эълом кард: Токунун пайкари 32 мусофири ҳавопаймо пайдо шудааст.

Генерал Нузари Неъматӣ-ҷонишини фармондеҳи нерӯи заминии артиши Эрон низ бо ишора ба талоши номуваффақи нерӯҳои имдодӣ ҷиҳати интиқоли пайкарҳои пайдошуда гуфт: Вазъияти номусоиди ва тағйирёбандаи  обу  ҳавоӣ  дар қуллаи  Дино монеъ аз идомаи амалиёти интиқоли пайкарҳои ҷонбохатагони ҳодисаи сарнагунии ҳавопаймо шудааст.

Як ҳавопаймои АРТ аз ширкати ҳавопаймоии (Осмон)-и Эрон рӯзи якшанбе пас аз парвоз аз фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон ва тайи масир ба самти шаҳри Ёсуҷ  дар минтақаи  Динокуҳи Самирум сарнагун шуд ва ҳамаи 66 сарнишини он ҷон бохтанд.

Барчасп