Даври тозаи рафту омадҳои сиёсии Эрон ва Аврупо
Теҳрон имрӯз мизбони ду мақоми аврупоӣ аст.
Сигрид Кааг, вазири умури хориҷаи Нидерланд сешанбе шаб ба манзури дидору гуфтугӯ бо мақомоти эронӣ вориди Теҳрон шуд.
Ҳамзамон бо ин сафар, Алфонсо Дастис, вазири хориҷаи Испания низ имрӯз дар Теҳрон бо мақомоти эронӣ дар бораи равобити дуҷониба ва масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ мекунад.
Вазири хориҷаи Испания дар бадви вуруд ба Теҳрон гуфт: Мадрид зимни тақвияти равобити иқтисодии худ, механизми машварати сиёсӣ бо Эронро густариш медиҳад.
Жан-Ив Ле Дриан, вазири хориҷаи Фаронса ҳам рӯзи сешанбе эълом кард, ки таи рӯзҳои оянда ба Эрон сафар мекунад.
Дар ҳамин ҳол, Аббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон дар садр ҳайъати сиёсӣ барои ширкат дар гуфтугӯҳои сиёсии Эрон ва Англия ба Лондон сафар кардааст.
Ин рафту омадҳо аз абъоди дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ ҳоизи аҳаммият аст.
Зеро метавонад шуруи таҳаввулоти муҳиме дар равобити Эрон ва кишварҳои аврупоӣ бошад.
Беш аз яксол аз таҳаррукоти коршиканонаи Трамп барои тахриби БАРҶОМ мегузарад.
Иттиҳоди Аврупо нишон додааст, ки тамоюл надорад, манофеи ҳосила аз БАРҶОМ-ро таҳти таъсири хостаҳои Трамп аз даст бидиҳад.
Аммо дар мавзеъгириҳои худ дар қиболи масоил ҳошияии БАРҶОМ шаффофияти чандоне аз худ нишон намедиҳд.
Баҳроми Қосимӣ, сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон сешанбе дар вокуниш ба ибрози нигаронии вазирони хориҷаи Фаронса ва Англия аз барномаи дифои мушакии Эрон, ин изҳоротро фоқиди ҳаргуна тавҷеҳи мантиқӣ хонд ва изҳор кард:
“Эрон иттихози ин навъ мавозеи ғайриусулиро ғайримасъулона ва ибҳомбарангез дониста ва онро мардуд медонад”.
Раҳбари муаззами инқилоб чанде қабл таъкид карданд:
“Аврупоииҳо бояд муқобили иқдомоти Амрико аз ҷумла нақзи БАРҶОМ ва таҳримҳо биистанд”.
Дар шароити феълӣ ба назар мерасад, ҳануз бархе тарафҳои аврупоии БАРҶОМ дар мавозеашон дучори тардид ва дугонагиҳое ҳастанд, ки ин вазъият барои доштани равобите мутаодил бо Эрон матлуб нест.