Феврал 23, 2018 17:41 Asia/Dushanbe
  • Далели ҳамсадоии Вашингтон, Тел-Авив ва Риёз зидди Эрон

Имом-ҷумъаи Теҳрон далели ҳамдастӣ ва ҳамсадоии Амрико, режими саҳюнистӣ ва Арабистонро зидди Эрон, хашми онҳо аз пешрафт‎ҳои Ҷумҳурии исломӣ донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, оятуллоҳ Муҳаммадалии Муваҳҳидии Кирмонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон гуфт: Амрико, режим саҳюнистӣ ва Арабистон дар паи эҷоди ҳамраъйии минтақаӣ ва байналмиллалӣ зидди Эрон ҳастанд, зеро пешрафтҳои Эрони исломӣ онҳоро асабонӣ кардааст.

 Хатиби ҷумъаи Теҳрон таъкид кард: Эрон бо вуҷуди тавтеаҳои душманон ба пешрафтҳои худ дар арсаҳои мухталиф идома хоҳад дод.

 Оятуллоҳ Муваҳҳидии Кирмонӣ ҳамчунин ҷинояти авбошон дар хиёбони Посдорони Теҳронро, ки ба шаҳодати се маъмури неруи интизомии Эрон ва ду басиҷӣ мунҷар шуд, маҳкум кард ва аз дастгоҳи қазоӣ хост бо омилони ин ҷиноят қотеъона бархурд кунад.

 Имом-ҷумъаи муваққати Теҳрон ҳамчунин бо ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаи қурбониёни сарнагунии ҳавопаймои Теҳрон – Ёсуҷ, барои бозмондагон сабр ва барои ҷонбохтагон ғуфрони илоҳӣ талаб кард.

 Имом-ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин фаро расидани солрӯзи шаҳодати ҳазрати Заҳро (с)-духти Набии мукаррами ислом (с)-ро ба ҳама дӯстдорони аҳл байт тасалият гуфт.