Феврал 23, 2018 19:43 Asia/Dushanbe
  • Бонуи эронӣ-номзади дарёфти ҷоизаи рӯзи ҷаҳонии Зан

Кумитаи байналмиллалии параолимпӣ Заҳро Неъматӣ- бонуи маъюб ва қаҳрамони тирпарронӣ аз камони Эронро яке аз номзадҳои дарёфти ҷоизаи рӯзи ҷаҳонии Зан эълом кардааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории ИРНА, Кумитаи байналмиллалии параолимпӣ ба муносибати рӯзи ҷаҳонии Зан, панҷ нафарро номзади дарёфти ҷоизаи вежа кардааст, ки номи Заҳро Неъматӣ- бонуи маъюб ва қаҳрамони тирпарронӣ аз камони Эрон низ дар байни онҳо ҳаст.

 Дар феҳристи панҷнафараи Кумитаи байналмиллалии параолимпӣ илова бар Неъматӣ, номи Стер Вергир теннисбози 36 сола аз Нидерландия, Ҳаёт Хаттоб – раиси Кумитаи параолимпии Миср, Мино Муҷтаҳидӣ-раиси эронитабори кумитаи параолимпии Финляндия ва Сара Сторей-дучархасавори маъюби 40- солаи британияӣ ва дорандаи 16 медали параолимпӣ дида мешавад.

 Ин ҷоиза қарор аст ҳаштуми марти 2018 ба шахси баргузида эҳдо шавад.

Заҳро Неъматӣ дорандаи медали тилло ва биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2017 ва ду медали тилло дар  бозиҳои параолимпии  Рио- 2016 ва Лондон- 2012 дар риштаи тирпарронӣ аз камон аст. Вай рӯзи панҷшанбе низ аз сӯи федератсияи ҷаҳонии тирпарронӣ аз камон ба унвони беҳтарин варзишкор дар риштаи паратирукамон (тирукамони маъюбон) дар соли 2017 интихоб шуд.

 Заҳро Неъматӣ-нахустин зан дар таърихи варзиши Эрон аст, ки муваффақ ба гирифтани медали тилло дар бозиҳои параолимпӣ шудааст.