Феврал 28, 2018 19:06 Asia/Dushanbe
  • Барномаи Эрон ва Булғористон барои густариши равобити иқтисодӣ

Вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон ва мақомҳои баландпояи Булғористон дар София бар тавсеаи равобити дуҷониба ба хусус дар бахши иқтисод таъкид карданд.

Румен Радев, раисҷумҳури Булғористон дар дидори вазири умури хориҷаи Эрон дар София гуфт: Тақвияти равобити иқтисодӣ бо Эрон аз авлавиятҳои Булғористон аст.

Радев тақвияти равобити ду кишварро дар заминаҳои фарҳангӣ ва иртибототи мардумӣ ба вижа гардишгарӣ хостор шуд.

Муҳаммадҷаводи Зариф бо Бойко Борисов, нахуствазири Булғористон низ дар София дидор кард.

Зариф дар ин дидор гуфт: Эрон аз сиёсати мутавозини Булғористон барои доштани равобити хуб бо ҳамаи кишварҳо истиқбол мекунад ва Теҳрон ва София метавонанд дар оянда ҳаҷми равобити тиҷорӣ ва дуҷонибаро ба беш аз як миллиард доллар бирасонанд.

Нахуствазири Булғористон низ зимни баршумурдани заминаҳои мухталифи ҳамкории ду кишвар хостори ҳамкориҳои наздиктари ширкатҳои эронӣ ва Булғористон шуд.

Вазири хориҷаи Эрон ҳамчунин бо Эмил Караниколов, вазири иқтисоди Булғористон дидор ва дар бораи роҳҳои тақвияти равобити иқтисодӣ ва дуҷониба ва рафъи мавонеи мавҷуд гуфтугӯ кард.