Шарти музокира дар бораи мушакҳои Эрон; Нобудии мушакҳои дурбурди Амрико ва Аврупо
Сухангӯи аршади неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, шарти музокира дар бораи мушакҳои эронӣ, нобудии силоҳҳои ҳастаӣ ва мушакҳои дурбурди Амрико ва Аврупо аст.
Ба гузориши ИРНА, генерал Сайидмасъуди Ҷазоирӣ рӯзи шанбе дар вокуниш ба сӯҳбатҳои мақомоти Амрико ва баъзе кишварҳои аврупоӣ дар бораи тавони мушакии Эрон, гуфт, ончи амрикоиҳо ва аврупоиҳо азсари истисол дар хусуси маҳдудсозии тавони мушакии Эрон мегӯянд, оризуҳои дастнаёфтнии онон аст ва ношӣ аз нокомиҳо ва шикастҳои минтақаии онҳо ба ҳисоб меояд.
Генерал Ҷазоирӣ афзуд, агар қарор буд, иртиқои тавони дифоии Эрон таҳти таъсири бархе музокирот ва муровидоит сиёсӣ ва дипломатӣ воқеъ шавад, имрӯз Эрон дар вазъияте набуд, ки то ин ҳадд Амрико дар баробари Теҳрон дар мавзеи заъф, қарор гирад.
Вай тасреҳ кард, шикастҳои Амрико замоне дар минтақа фурӯкаш хоҳад кард, ки ин кишвар аз ҳузур дар ғарби Осиё, Худо ҳофизӣ кунад.
Генерал Ҷазоирӣ ҳамчунин бо баёни ин ки режими Исроил ба унвони ғосиби сарзамини Фаластин ва Қудси шариф, режими номашруъ ва ғайри қонунӣ аст, таъкид кард, режими саҳюнистӣ даврони нобудиро тай мекунад.