Март 03, 2018 18:00 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар тавлиди генератор ҷузви 10 кишвари бартари ҷаҳон аст

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаи тавлиди турбина, генератор ва мошинолоти даврзананда ҷузви 10 кишвари бартари ҷаҳон аст.

Наримон Паҳлавон, дабири Конфронси байналмилалии турбина, генератор ва мошинолот давор (даврзананда), рӯзи шанбе дар ҳошияи Конфронси байналмилалии турбина, генератор ва мошинолоти даврзананда афзуд, Эрон дар тавлиди генератор ва турбина, ҷузви кишварҳои бартар аст.

Наримон гуфт, дар ин конфронс аз кишварҳои Англия, Нидерланд, Италия, Нигерия ва Нидерланд ҳузур ёфтанд, то роҳкорҳои интиқоли фанноварӣ барои содироти ин муҳим, пайгирӣ шавад.

Нахустин Намоишгоҳи байналмилалии турбина, генератор ва мошинҳои давор, рӯзи ҷумъа бо ҳузури 55 ширкати дохилӣ ва хориҷӣ дар Теҳрон оғоз бакор кард.