Март 04, 2018 15:17 Asia/Dushanbe
  • Муаррифии ду доруи нави сохти Эрон барои бемориҳои қалбӣ ва гепотит

Ду доруи нав барои пешгирӣ ва дармони бемориҳои қалбӣ ва гепотити С, ки ба ҳиммати мутахассисони эронӣ тавлид шудааст дар бемористоне дар Теҳрон муаррифӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, доруи  Полипил(polypill) барои пешгирӣ ва дармони бемориҳои қалбӣ-уруқи(рагҳои хунӣ)-и  "Судак"  барои пешгирӣ ва дармони бемории гепотити С корбурд дорад.

Ин доруҳо бо талоши муҳақиқони Маркази таҳқиқоти гувориш ва кабади Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон тавлид шудааст ва имрӯз якшанбе бо ҳузури Ҳасани Қозизодаи Ҳошимӣ -вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар бемористони Шариъатӣ муъаррифӣ шуд.

Ба гуфтаи раиси маркази таҳқиқоти гувориш ва кабади бемористони Шариъатии Теҳрон тавлиди доруи "Судак" дар сатҳи байналмиллалӣ ва мақолоти нашриёти муътабари ҷаҳонӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст ва метавонад дар контроли бемории гепотити С нақши муҳимме ифо кунад.

Доруи Судак бо контрол ва дармони кабади чарб ва пешгирӣ аз сирузи кабад (навъе бемории кабадӣ) аз бурузи бемории гепотити С пешгирӣ мекунад.