Март 05, 2018 14:10 Asia/Dushanbe

Дар Ҷашнвораи мӯд ва либоси Машҳад, анвоъи либос ва пӯшиши бонувони мусулмон дар маърази диди алоқамандон қарор гирифтааст.

Ба гузориши хабарнигори радио тоҷикии “Садои Хуросон”, дар ин ҷашнвораи се рӯза, ки дар маҳалли Муҷтамаи фарҳангии бузурги бозори Атлас барпо аст, ҷамъи зиёде аз тарроҳон ва соҳибони саноати пӯшок ва порча, тозатарин маснуоти худро ба намоиш гузоштаанд.

Рӯйкарди аслии ин ҷашнвора, таваҷҷуҳ ба суннат ва дастовардҳои бумии маҳаллӣ ва ҳамчунин ибдооти навин дар тавлиди либос аст, ки бо истиқболи алоқамандон рӯбарӯ шудааст.

Муҳаммадалӣ Ховарӣ, дабири ин ҷашнвора дар бораи ин гирдиҳамоӣ ва коргоҳҳои тахассусии табодули назар гуфт, дар бахши мусобиқа, 299 асар ба намоишгоҳ арза шуд, ки дар ниҳоят, 32 асар ба намоиш гузошта шудааст.

Ба гуфтаи Ховарӣ, дар панҷ рӯзи баргузории ин намоишгоҳ коргоҳҳои тахассусӣ ва семинарҳои марбут ба санъати мӯд ва либос баргузор мешавад.