Март 06, 2018 09:56 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Зариф аз таъсирпазирии мақомоти аврупоӣ аз фишори Амрико

Вазири хориҷаи Эрон аз бархе рафторҳо ва изҳороти мақомоти аврупоӣ дар иҷрои барномаи ҷомеи иқдоми муштарак БАРҶОМ ва низ таъсирпазирӣ аз фишори амрикоиҳо интиқод кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф дар дидор бо Жан-Ив Лудриан, вазири умури хориҷаи Фаронса дар Теҳрон гуфт: БАРҶОМ ба унвони як тавофуқи чандҷониба ва ба гувоҳи 10 гузориши Ожонсии байналмилалии энержии атомӣ мабни бар пойбандии Эрон ба БАРҶОМ, акнун дастхуши бозиҳои ғайримантиқӣ ва сиёсикориҳои амрикоиҳо шудааст.

Вай тасреҳ кард: Аврупо зимни иҷроии комили тааҳҳудоти худ, Амрикоро барои иҷрои тааҳҳудоташ дар БАРҶОМ таҳти фишор қарор диҳад ва иҷоза надиҳад, Амрико бо вуҷуди бадаҳдиҳояш, хостаҳои ғайримантиқӣ ва ғайриҳуқуқӣ матраҳ кунад.

Жан-Ив Лудриан низ дар ин дидор гуфт: Кишвараш иқдоми амалии мутааддид ва густурдае барои иҷрои БАРҶОМ дошта, ки аз он ҷумла сармоягузорӣ дар саноеи мошин ва энержии Эрон ва эҷоди эътибори вижа барои ҳамкории тиҷорӣ ва сармоягузорӣ дар тарҳҳои муштарак дар Эрон аст.

Лудриан ҳамчунин бо ишора ба иродаи Фаронса барои тадовуми равобити маҳкам ва дӯстона бо Эрон изҳор кард: Аврупо бавижа Фаронса мутааҳҳид ва алоқаманд ба иҷрои БАРҶОМ бо вуҷуди фишорҳои Амрико аст.

 

Барчасп