Ҳузури адибони 11 кишвар дар Кунгураи байналмилалии Низомии Ганҷавӣ дар Табрез
(last modified Tue, 06 Mar 2018 11:55:28 GMT )
Март 06, 2018 16:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури адибони 11 кишвар дар Кунгураи байналмилалии Низомии Ганҷавӣ дар Табрез

Кунгураи байналмилалии Низомии Ганҷавӣ рӯзи 13-уми март бо ҳузури адибону донишмандони Эрон ва 10 кишвари дигар дар Табрези Эрон баргузор мешавад.

Ба гузориши ИРНА, Мусаллам Аврангӣ, дабири ин кунгура рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт, дар ин ҳамоиш адибоне аз Эрон ва кишварҳое чун Тоҷикистон, Озарбойҷон, Туркия, Покистон, Ҳиндустон ва Бангладеш ҳузур меёбанд. Ӯ афзуд, аз маҷмӯи як ҳазору 117 мақолаи фиристодашуда ба дабирхонаи кунгура 470 мақола ба доварии ниҳоӣ расид, ки аз ин теъдод 61 мақола пазириш шуд. Аврангӣ гуфт, баррасии осору ашъори Низомии Ганҷавӣ ва бештар ошно кардани устодону андешамандони низомишинос бо зиндагонии ин шоир ва достоннависи бузурги забону адабиёти форсӣ аз ҳадафҳои ин ҳамоиш аст. Ӯ бо баёни ин ки Низомӣ мероси муштараки кишварҳои исломӣ ва мояи ифтихори тамоми мусалмонон аст, таъкид кард: “Бархе машоҳире чун Низомӣ мояи ваҳдат ва ҳамдилии қавму милали мухталиф аст”.

Ҳаким Низомии Ганҷавӣ пешвои достонсароёни адабиёти форсӣ қарни шашуми ҳиҷрӣ аст. Оромгоҳи Ҳаким Низомӣ дар ҳошияи ғарбии шаҳри Ганҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон қарор дорад.