"Ҷуръае аз ҷом" ба чоп расид
Август 28, 2016 10:17 Asia/Dushanbe
Китоби "Ҷуръае аз ҷом" ба ду хат, форсӣ ва кириллӣ дар Эрон ба чоп расид.
"Ҷуръае аз ҷом" гузидаи абёте аз ашъори Абдураҳмони Ҷомӣ аст, ки аз сӯйи Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон ва Маркази омӯзишу пажуҳишҳои Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муносибати Ҳамоиши байналамилалии Абдураҳмони Ҷомӣ ба чоп расидааст.
Ин маҷмӯаи ҳафтҷилдӣ ба ҳиммати Дилафрӯз Қурбонӣ ва доктор Маҷиди Асадӣ ба ду хат, порсӣ ва кириллӣ таҳия шудааст.