Август 28, 2016 19:01 Asia/Dushanbe
  • Баёноти Раҳбари муаззами инқилоб дар дидори фармондеҳони қароргоҳи падофанди ҳавоӣ

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори фармондеҳони қароргоҳи падофанди ҳавоии "Хотам-ул-анбиё" (с)-и артиши Эрон таъкид карданд: "Душман бояд бифаҳмад, агар таҳоҷум кунад, зарбаи муҳкаме хоҳад хурд".

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, фармондеҳи муаззами кулли қувво рӯзи якшанбе дар дидори фармондеҳон ва масъулони қароргоҳи падофанди ҳавоии "Хотам-ул-анбиё" (с) –и артиш Эрон бо таъкид бар аҳамияти падофанд ба унвони "хатти муқаддами муқобила бо ҳар гуна таҳоҷум", ҷабҳаи муқобили ҷумҳурии исломиро ҷабҳае "хабис, фиребгар ва мухолифи истиқлоли миллат" хонданд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ хотирнишон карданд: "Дар муқобили ин душман, ки ба думболи тазъифи тавони дифоии Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, бояд омодагиҳои нерӯҳои мусаллаҳ ончунон афзоиш ёбад, ки душман ҳатто ба худ иҷозаи фикр кардан дар бораи таҷовузро надиҳад".

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ "азм, ирода ва тавоноии нерӯи инсонӣ"- ро омили муҳим дар бартараф кардани мавонеъ ва заъфҳо баршумурданд ва афзуданд: "Қароргоҳи падофанд ҷузъи хутути муқаддам ва аслӣ аст ва бояд бо қадр донистани ин мавқеияти муҳим ва бо нишон додани азм, ирода ва қотеият, азми душманро дар таҳоҷум тазъиф кунед".

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ масъалаи душманӣ бо миллати Эрон ва низоми исломиро фаротар аз бархе душманиҳои роиҷ дар ҷаҳон донистанд ва хотирнишон карданд: "Ҷабҳаи муқобил ҳамчун "низоми султа" ё "саҳюнизми ҷаҳонӣ", ҷабҳае хабис ва фиребгар ва бо андешаҳои золимона аст, ки бо асли эътиқодоти динӣ, истиқлол ва зери бори ҳарфи зӯр нарафтани миллат Эрон, душманӣ дорад".

Эшон бо ишора ба бурузи душмании ин ҷабҳаи мустакбир дар чеҳраҳои мухталиф афзуданд: "Ин душман як рӯз дар чеҳраи Амрико ва рӯзи дигар дар чеҳраи режими золиме ҳамчун Саддом буруз мекунад, аммо муҳим он аст, ки Эрон бо истифода аз имконот ва зарфиятҳои фаровон ва бо шинохти мавқеият ва барномаи душман, мавзеъ ва тасмими дурустро рӯйи даст бигирад ва ба он амал кунад".

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ мухолифат ва ҷанҷоли густурда дар бораи сомонаи мушакии "С -300" ва ё таъсисоти ҳифозатшудаи Фардуро намунаҳое аз хабосати душмани миллати Эрон хонданд ва тасреҳ карданд: "Сомонаи "С- 300" абзоре дифоӣ аст, на таҳоҷумӣ, аммо амрикоиҳо тамоми талоши худро карданд, ки ҷумҳурии исломӣ аз ин имкон бархурдор нашавад".

 

Барчасп