Поёни ҷашнвораи мӯд ва либоси бонувони мусулмон дар Машҳад+akc
Ҷашнвораи серӯзаи мӯд ва либоси бонувони кишварҳои мусулмон дар Машҳад бо барпоии ойини ихтитомия ва тақдир аз тарроҳон ва соҳибони муваффақ дар соҳаи саноъат ба кори худ поён дод.
Ба гузориши хабарнигори радиои тоҷикии Садои Хуросон, Дабири коргуруҳи мода ва либоси Эрон дар ин Ойин таваҷҷуҳи модаи исломиро таваҷҷуҳ ба сабки зиндагӣ донист ва гуфт: Омӯзаҳои исломии миллали мусулмон бо мӯд ва навоварӣ барзид (тазод) нест.
Ҳамиди Қубодӣ роҳандозии муассисаҳои мӯд ва либос дар вилояти Хуросони разавиро гоме муфид дар ин масир хонд ва таъкид кард : Бонувони мусулмони Эрон бо дигар миллатҳо ба вижа кишварҳои форсизабон дорои иштирокҳои фаровоне ҳастанд ва ин зарфият набояд нодида гирифта шавад.
Муовини ҳунарӣ-синамоии Идора кулли иршоди исломии Хуросони разавӣ ҳам стратегияи таҳқиқ, тавсеа ва навовариро се омили рақобатпазирӣ дар санъати пушок унвон кард.
Афшини Туҳфагар гуфт: Дастрасӣ ба маводди аввалияи матлуб, афзоиши тавлид ва коҳиши нархҳо дар бозори рақобат дар дунё бисёр муҳим аст; лизо бояд заруратҳои ин муҳим маддиназар бошад.
Дар интиҳои ин маросим аз чанд тарроҳи бартар ва соҳибони муваффақ дар саноати тавлид ва арзаи муносиби пушок дар вилоят ва кишвар бо пешкаш кардани ҳадяҳое қадрдонӣ шуд.