Таарруз ба сафорати Эрон дар Лондон, намоиши сахиф ва беарзиш
Сафорати ҷумҳурии исломии Эрон баъд аз зуҳри ҷумъа аз сӯи иддае, ки худро тарафдорони фирқаи Шерозӣ номиданд, мавриди таарруз қарор гирифт.
Ин афрод дар ин иқдоми сахиф талош карданд, бо иҳонат ба муқаддасот ва арзишҳои динӣ ва тавҳин ба парчами муқаддаси ҷумҳурии исломии Эрон, намоише сиёси бо ҳадафи ҷарёнсозӣ алайҳи Эрон бароҳ андозанд.
Моҷарои ин таарруз бо боздошти муътаризон тавассути полис поён ёфт.
Ҳамиди Баидинажод, сафири Эрон дар Англия ҷумъа шаб дар ҳисоби корбариаш дар Твиттер навишт:
“Тарафдорони фирқаи Шерозӣ ба сафорати ҷумҳурии исломии Эрон дар Лондон таарруз карда ва бо шикастани парчам, дар ҳоли шиор алайҳи мақомоти кишвар ва лаъни Оиша, Абубакр, Умар ва Усмон ҳастанд”.
Моҳияти ин аносур ва аҳдофи онҳо, ки аз ҷарёнҳои инҳирофӣ аз ислом нашъат мегирад, комилан мушаххас аст.
Ингуна иқдомоти намоишӣ фоқиди ҳаргуна арзиш ва аҳаммияте аст.
Муҳаммадҷаводи Ҷамолии Навбандагонӣ, ноибраиси Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии маҷлис дар гуфтугӯ бо Исно изҳор кард:
“Мо ин ҳамларо комилан ҳисобшуда ва аз пеш таъиншуда медонем”.
Ин намояндаи маҷлис идома дод:
“Ҳамзамонии ин ҳаракат бо сафари Муҳаммад бен Салмон ва мавзеъгирии сарсахтона ва ҳамроҳ бо иноди мақомоти англисӣ алайҳи Эрон ва ҳамчунин ҳамзамонии он бо нишасти чаҳорҷонибаи аъроб ва мавзеъгирии кишварҳое мисли Баҳрайн, ки бо Англия комилан ҳамоҳанг ҳастанд ва ҳамоҳангиҳои ахири Амрико ва Англия ҷои тааммул дорад”.
Онгуна, ки Баҳроми Қосимӣ, сухангуи Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон дар вокуниш ба ин ҷарён таъкид кард:
“Британия муваззаф ба ҳифозат аз амокини дипломатик ва дипломатҳои эронӣ аст ва Эрон хоҳони пайгирии ҷиддии ин масъала ва муҷозоти омилони ин таарруз аст.
Ҷумҳурии исломӣ аз тариқи дипломатик, қазоӣ ва сиёсӣ пайгири ин қазия хоҳад буд ва Маҷлиси Шӯрои исломӣ ва Комиссияи амнияти миллӣ низ вокуниши муносиберо нисбат ба он хоҳанд дошт.