Март 12, 2018 15:16 Asia/Dushanbe
  • Хунсосозии амалиёти террористӣ дар ҷануби шарқи Эрон

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз хунсосозии амалиёти интиҳории террористҳо дар устони Систон ва Балучистон дар ҷануби шарқи Эрон хабар дод.

Равобити умумии қароргоҳи Қудси нерӯи заминии сипоҳ эълом кард: Шомгоҳи якшанбе авомили гурӯҳакҳои террористӣ ва ашрори мусаллаҳ бо як дастгоҳ мошини ҳомили муҳимот ва маводи инфиҷорӣ қасди анҷоми амалиёти интиҳорӣ ва ҳадаф қарор додани яке аз посгоҳҳои марзии нерӯи заминии сипоҳро дар минтақаи Саровони Систону Балучистон доштанд, ки бо иқдоми ба мавқеи размандагони ислом ноком монданд.

Яке аз ашрор, ки дар наздик шудан ба посгоҳи марзӣ дар минтақаи Саровон ноком монда буд, ҷилиқаи интиҳории худро мунфаҷир кард ва ба ҳалокат расид.

Дар ин иқдоми террористӣ, ду шарури мусаллаҳ ба ҳалокат расиданд ва ду тан аз нерӯҳои посгоҳи марзӣ низ маҷрӯҳ шуданд.  

Ашрори мусаллаҳ солҳои ахир бо иҷрои амалиёти террористӣ аз дохили хоки Покистон, теъдоде аз шаҳрвандон ва марзбонони ҷумҳурии исломии Эронро дар манотиқи марзии Систону Балучистон ба шаҳодат расондаанд.