Баргузории маросими Рӯзи шаҳид дар саросари Эрон
(last modified Tue, 13 Mar 2018 11:58:43 GMT )
Март 13, 2018 16:58 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими Рӯзи шаҳид дар саросари Эрон

Маросими Рӯзи шаҳид бо ҳузури хонаводаҳои шаҳидон дар саросари Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд.

22-юми исфанд, баробар бо 13-уми март дар тақвими таърихи Ҷумҳурии Исломии Эрон Рӯзи бузургдошти шаҳидон номгузорӣ шудааст.

Таърихи пурифтихори низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон саршор аз исору исоргароне аст, ки бо рашодат, фидокорӣ ва азҷонгузштагӣ заминаи истиқлол, озодӣ ва тараққии Эрони исломиро фароҳам кардаанд. Мавзӯи исор ва такрими шаҳидон, исоргарону хонаводаҳои муаззами онҳо дар Эрон аз ҷойгоҳи арзишманде бархурдор аст.

Дар ҷанги ҳаштсолаи режими баъси Саддом, диктатори Ироқ бо Эрон 225 ҳазору 790 нафар шаҳид ва 567 ҳазору 127 нафар ҷонбоз (маҷрӯҳ) шуданд. 42 ҳазору 994 нафар низ пас аз таҳаммули солҳо асорат дар зиндонҳои режими баъси Ироқ ба оғӯши хонаводаҳояшон бозгаштанд, ки мардуми Эрон ба онон “озода” лақаб додаанд.