Оғози пахши расмии “Ifilm - 2” барои Тоҷикистон ва Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i31443-Оғози_пахши_расмии_ifilm_2_барои_Тоҷикистон_ва_Афғонистон
Пахши расмии канали форсизабони “Ifilm - 2” (Ай Филм -2) дар остонаи фаро расидани Наврӯз ба унвони рамзи иштироки фарҳангӣ ва ойини миллатҳои Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон оғоз шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 17, 2018 09:32 Asia/Dushanbe
  • Оғози пахши расмии “Ifilm - 2” барои Тоҷикистон ва Афғонистон

Пахши расмии канали форсизабони “Ifilm - 2” (Ай Филм -2) дар остонаи фаро расидани Наврӯз ба унвони рамзи иштироки фарҳангӣ ва ойини миллатҳои Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон оғоз шуд.

Ойини баҳрабардорӣ (пахши расмӣ)-и канали чаҳоруми шабакаи “Ifilm” бо ҳузури раиси расонаи миллӣ ва мудирони Садо ва Симои ҷумҳури исломӣ баргузор шуд.

Пахши “Ifilm - 2” бо ҳадафи тақвият ва тарвиҷи иштирокоти фарҳангии кишварҳои ҳамзабон ва ҳамсоя, баъд аз марҳилаи пахши озмоишии анҷомшуда ва дар канори каналҳои арабӣ ва англисии шабакаи “Ifilm” тавсеа ва пайдо шудааст.

Мухотабон ё аудиторияи аслии ин шабака форсизабонони Осиёи Марказӣ, ба вижа кишварҳои Афғонистон ва Тоҷикистон, бо чанд даҳ миллион ҷамъият ва ҳамчунин дигар алоқамандон ба забони форсӣ дар саросари дунё аст.

Филм, маҷмӯаҳои телевизионӣ (сериёл) ва вижабарномаҳое монанди мусиқӣ ва эроншиносӣ ба сурати 24 соата аз ин канал пахш мешавад.