Ойини наврӯзии “такам-гардонӣ” дар Ардабил ва Осторо (Эрон) + видео
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i31455-Ойини_наврӯзии_такам_гардонӣ_дар_Ардабил_ва_Осторо_(Эрон)_видео
“Такам-гардонӣ” - ойини деринаи наврӯзӣ дар шаҳрҳои Ардабил ва Осторо (шимоли ғарби Эрон) аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 17, 2018 12:11 Asia/Dushanbe

“Такам-гардонӣ” - ойини деринаи наврӯзӣ дар шаҳрҳои Ардабил ва Осторо (шимоли ғарби Эрон) аст.

“Такам-гардонӣ” калимае аст туркӣ, ки аз “такка” ба маънои “бузи нар” ва замири “м” ташкил ёфтааст ва вожаи “такам” –“бузи нари ман” (така-ам) маъно медиҳад.

Дар миёни рустоиён, элот ва ашоир така ё ҳамон бузи нар вақте ба синни булуғ мерасад, пешопеши галла ҳаракат мекунад.

“Такамчӣ” ё фарде, ки “такам” ба даст дорад, такаи худро бо чанд қитъаи чӯб месозад ва бо гардондани ин арӯсак (лӯхтак)-и чӯбӣ ва хондани шеър, навиди баҳор медиҳад.