Март 18, 2018 18:35 Asia/Dushanbe

Душанбе аввали моҳи Раҷаби соли 1439 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 19 марти 2018 хуҷаста солрӯзи вилодати босаодати имом Муҳаммади Боқир (а), панҷумин пешвои шиаёни ҷаҳон аст.

Имом Муҳаммади Боқир (а), набераи гиромии паёмбари гиромии ислом (с) нахустин рӯзи моҳи Раҷаби соли панҷоҳу ҳафти ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина чашм ба ҷаҳон гушуд.

Азамати имом Муҳаммади Боқир (а) забонзади хосу ом буд, ҳарҷо сухан аз волоии Ҳошимиён ва Алавиён ва Фотимиён ба миён меомад, эшонро ягона вориси он ҳама қидосат ва шуҷоат ва бузургворӣ мешинохтанд.

Ҷаззобтарин чеҳраҳо ва бахшандатарин инсонҳо, бархе аз вижагиҳои ҳазрати имом Муҳаммади Боқир (а) аст.

Дар солрӯзи вилодати панҷумин ахтари тобноки осмони имомат ва вилоят, ҳазрати имом Муҳаммади Боқир (а), саросари Эрони исломӣ дар ҷашну сурур аст.  

Маросими ҷашни милоди ҳазрати имом Муҳаммади Боқир (а) аз имшаб дар саросари Эрони исломӣ ба вижа дар масоҷид, амокини мутабаррика ва имомзодагон баргузор ми‎шавад ва дӯстдорони аҳли байти исмату таҳорат (а) бо ширкат дар ин маросим ва пахши ширинӣ, милоди бобаракати панҷумин имоми шиаёни ҷаҳонро ба якдигар табрик мегӯянд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон, фаро расидани солрӯзи вилодати имом Муҳаммади Боқир (а)-ро ба ҳамаи мусулмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.