Созмони садо ва симои Эрон, фаъолтарин узви Азиявижен
(last modified Mon, 19 Mar 2018 15:33:17 GMT )
Март 19, 2018 20:33 Asia/Dushanbe
  • Созмони садо ва симои Эрон, фаъолтарин узви Азиявижен

Созмони садо ва симои ҷумҳурии исломии Эрон бо ирсоли 1852 айтеми хабарӣ ба Иттиҳодияи радио ва телевизионҳои Осиё ва Уқёнусия ABU (Азиявижен) дар 2017 рутбаи нахустро дар миёни 34 созмони узв ба худ ихтисос дод.  

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, муваффақияти садо ва симои ҷумҳурии исломии Эрон душанбе дар Нишасти солонаи аъзои Азиявижен дар Катманду, пойтахти Непал эълом шуд.  

Дар ин нишаст, шабакаҳои NHK-и Ҷопон, CCTV-и Чин ва KBS-и Кореяи Ҷанубӣ дар рутбаҳои дувум то чаҳорум қарор доранд.  

Нишасти солонаи Азиявижен бо ҳадафи баррасӣ ва баҳс дар бораи муҳимтарин масоили ин иттиҳодия ва эҷоди ҳамоҳангӣ байни аъзо ва иртиқои сатҳи камӣ ва кайфӣ дар ахбори ирсолӣ баргузор мешавад.

Аъзои Азиявижен ҳар рӯз муҳимтарин ахбори сиёсӣ, иқтисодӣ, варзишӣ, илмӣ, ҳунарӣ ва фарҳангии худро ба маркази он дар Куала-Лумпур, пойтахти Малайзия ирсол мекунанд.  

Созмони садо ва симои ҷумҳурии исломии Эрон фаъолтарин узви ABU аст.