Март 21, 2018 17:39 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ дар паёми наврӯзӣ: Иттиҳоди миллати Эрон ҳамаи душманонро ба тааҷҷуб гузошт

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме ба муносибати оғози соли 1397-и ҳиҷрии шамсӣ, соли 1396-ро бо вуҷуди хост ва талошҳои бадхоҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон, соли муваффақият ва пирӯзии миллати бузурги Эрон дар арсаҳои мухталиф баршумурд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Ҳасани Рӯҳонӣ сешанбешаб дар ҷамъи мардуми зилзилазадаи Кирмоншоҳ (ғарби Эрон) изҳор дошт: “Иттиҳоди миллати Эрон ҳамаи душманонро ба тааҷҷуб гузошт ва ба азамати миллати мо эътироф карданд”.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд, миллати бузурги Эрон, ки ҳамеша офаринандаи сулҳу оромиш дар минтақа ва ҷаҳон будаанд, дар соли гузашта бо талоши пайгири худ ва сарбозони мухлис ва дипломатҳои пурталошашон тавонистанд дар канори миллати Ироқ, Сурия ва Лубнон субот ва амнияти бештареро барои минтақа ба ҳамроҳ биоваранд.

 Рӯҳонӣ ҳамчунин хитоб ба миллати бузурги Эрон хотирнишон кард: Ҳамон тавр, ки Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ фармуданд, соли ҷадид - соли Тавлиди миллӣ ва ҳимоят аз колои эронӣ ва соли иштиғол ва равнақ хоҳад буд.

Рӯҳонӣ соли ҷадиди ҳиҷрии шамсиро ба миллати бузурги Эрон, эрониёни хориҷ аз кишвар ва ҳамчунин ба ақвом ва ҳамсоягоне, ки Наврӯзро пос медоранд, табрик гуфт.

 

Барчасп