Март 21, 2018 22:11 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Имрӯз кишвар аз истиқлол бархурдор аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ҷамъи зоирон ва муҷовирони Ҳарами мутаҳҳари Разавӣ (а) изҳор доштанд, имрӯз кишвар аз истиқлол бархурдор аст ва ин хости умумии мардум дар инқилоб будааст. Яъне, вокуниши мардуми Эрон ба 200 сол султаи бегонагон бар ин кишвар аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ имрӯз (чаҳоршанбе) дар нахустин рӯзи соли 1397, дар ҷамъи бошукӯҳи ҳазорон нафар аз зоирон ва муҷовирони Ҳарами Разавӣ (а) гуфтанд: «Хуб аст ҷавонон мо инро мавриди таваҷҷуҳ қарор бидиҳанд: то қабл аз инқилоб ҳукуматҳо зери сояи қудратҳои бегона ҳукумат мекарданд».

Раҳбари муаззами инқилоб афзуданд: «Чанде қабл гуфтам, дар адолат ақибем, вале бархе таъбири нодуруст карданд. Дар кишвар дар боби адолат иқдомоти зиёде анҷом шуда, аммо бо он чӣ орзуяшро дорем фосила аст. Агар бо дигар кишварҳо муқоиса кунем, пештар ҳастем».

Эшон гуфтанд: «Дар кишвари мо истеъдодҳо ва зарфиятҳои бисёр густурдае вуҷуд дорад, ки то кунун аз онҳо истифода нашудааст, агар истифода бишавад, вазъияти кишвар ба маротиб пеш хоҳад рафт ва беҳтар хоҳад шуд».

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ изҳор доштанд: «Дар боби арзишҳои аслии инқилоб, шиорҳо ва усули бунёдини инқилоб он чӣ метавонам арз кунам ин аст, ки инқилоб имтиҳони хубе дар ин замина пас додааст, яъне миллати Эрон тавонистааст усули бунёдин ва шиори аслии инқилобро ба ҳамон истеҳкоми аввал то кунун ҳифз кунад».

Эшон афзуданд, дар муддати ин солҳои тӯлонӣ ҳукуматҳои моро ё ин қудрат ё он қудрат меоварду мебурд. Дар як замоне Англия ва Русияи подшоҳӣ бо ҳам тавофуқ карданд ва Эронро байни худашон тақсим карданд.

Раҳбари муаззами инқилоб бо ишора ба корномаи 40 -солаи ҷумҳурии исломӣ гуфтанд, дар ин 40 сол ин парчами барафрошта, чашмҳо ва дилҳоро дар маҷмӯаи азиме аз миллатҳои минтақа ба худ ҷалб кардааст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ гуфтанд: «Моилем як нигоҳ сатҳӣ кунем ва бубинем, дар ин 40 сол шиорҳои аслии низоми ҷумҳурии исломӣ дар чӣ вазъияте аст ва амалкарди мо масъулон дар ин муддат чӣ гуна аст».

Эшон изҳор доштанд, иддае беинсофӣ мекунанд, аз озодии мавҷуд истифода мекунанд ва мегӯянд, озодӣ вуҷуд надорад ва радиоҳои бегона ҳам суханони онҳоро бозтоб медиҳанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд, имрӯз дар дунё ҳеҷ кишваре ба истиқлоли миллати Эрон, миллате надорад. Ҳама миллатҳои дунё ба наҳве аз равишҳо, навъе мулоҳизакорӣ дар муқобили қудратҳо доранд. Истиқлол ва озодӣ дар канори ҳам ҷузъи шиорҳои аслии инқилоб будааст.

Раҳбари муаззами инқилоб афзуданд: «Имрӯз дар кишвари мо озодии фикр, озодии баён, озодии интихоб вуҷуд дорад. Ҳеҷ кас ба хотири ин ки назараш мухолифи назари ҳукумат аст, мавриди таъқиб ва фишор қарор намегирад. Ҳар кас чунин иддаое кунад, дурӯғ гуфтааст ва бино ҳам нест касе мутаарризи инҳо шавад».

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин изҳор доштанд: «Яке аз мавонеи пешрафт, бетаваҷҷуҳӣ ба сиёсати дарунзоӣ дар иқтисоди кишвар будааст. Ҷузъи сиёсатҳои иқтисоди муқовиматӣ ва хусусиёти иқтисоди муқовиматӣ, дарунзоӣ аст. Дарунзоӣ - яъне тавлиди сарват ба василаи фаъолияти дарунии кишвар анҷом бигирад. Чашм ба берун набошад. Нигоҳамон ба берун набошад».

Эшон афзуданд: «Ин ки мо аз бегона талаб бикунем ва дар муқобили бегона мутааҳҳид бишавем, ин хатои бузурге аст. Иқтисод бояд дарунзо бошад. Албатта, дарунзо будани иқтисод маънояш ин нест, ки дарҳои кишварро бибандем. На, мо гуфтем дарунзо ва бурунгаро».

 Раҳбари инқилоб ҳамчунин тасреҳ карданд: Ҷумҳурии исломӣ дар ин соле, ки гузашт, парчами иззат ва иқтидори миллати Эронро дар минтақа ба эҳтизоз даровард (барафрошт). Ҷумҳурии исломӣ саҳми муҳиме барои шикастани камари такфириҳо дар минтақа ифо кард. Ҷумҳурии исломӣ тавонист дар бахши муҳиме аз ин минтақа, шарри такфириҳоро аз сари мардум кам бикунад ва инҳо корҳои бузурге аст. Корҳои кӯчаке нест.

Эшон афзуданд: Ҳоло фузулҳои байналмилалӣ - касоне, ки дар ҳамаи масоили дохилии манотиқи мухталифи дунё мехоҳанд дахолат кунанд, эътироз мекунанд, ки эрониҳо чаро дахолат мекунанд?

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд: «Ҷумҳурии исломӣ тавонист нақшаи Амрикоро дар минтақа хунсо кунад. Нақшаи Амрико чӣ буд? Нақшаи Амрико ин буд, ки гурӯҳҳои шарир ва золим ва ҳатто, ки аз қабили ДИИШ -ро ба вуҷуд биоварад, барои ин ки зеҳни миллатҳоро аз режими ғосиби саҳюнистӣ дур кунад ва фурсате барои онҳо боқӣ нагузорад, ки ба фикри режими саҳюнистӣ бияфтанд. Ин нақшаро мо тавонистем хунсо кунем».

Эшон афзуданд: «Онҳо мегӯянд; мо дар саркӯби ДИИШ дахолат доштем. Дурӯғ мегӯянд. Сиёсати Амрико ин аст, ки ДИИШ - ро дошта бошад, албатта ДИИШ ва амсоли ДИИШ чизҳое ҳастанд, ки ба вуҷуд оварданашон аз сӯйи Амрико осон аст, аммо нигаҳ доштанашон мушкил аст. Инҳо мехоҳанд ДИИШ -ро дар мушти худашон дошта бошанд. Илова бар ин ки амрикоиҳо қодир ба эҷоди амният дар минтақа ҳам нестанд».

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ изҳор доштанд: «Мо ҳузурамон ба хости давлатҳост. Ҳар ҷо рафтем, ба хотири ин будааст, ки давлатҳо ва миллатҳои минтақа аз мо хостаанд. Кумак мехостанд, кумак кардем. Кумакро бо ангезаҳои уқалоӣ ва мантиқӣ анҷом додем».

Раҳбари инқилоб таъкид карданд: «Инро арз бикунам; бидуни шак дар масоили минтақа Амрико ба мақсуди худ нахоҳад расид ва мо иншоаллоҳ мақосидамонро таҳаққуқ хоҳем бахшид».

Раҳбари муаззами инқилоб тасреҳ карданд, яке аз анвои ҳимоятҳо аз колои эронӣ, сармоягузории фаъолони иқтисодӣ дар амри тавлид аст.

Эшон афзуданд: «Ин тавр набошад, ки фаъолони иқтисодӣ дунболи корҳои савдогаронаи бештар бачарханд. Сармоягузорӣ агар мехоҳанд бикунанд, сармоягузорӣ дар амри тавлид бикунанд. Агар чунончӣ нияташонро холис кунанд, худоӣ кунанд, барои кишвар анҷом бидиҳанд, ин сармоягузорӣ мешавад ибодат. Сармоягузорӣ аст, суд дорад, аммо чун барои пешрафти кишвар аст, барои кумак ба мардум аст, ин мешавад як ибодат».

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд: «Ман тавсияам ин аст, ҳамон тавре, ки арз кардам, бо таассуб дунболи колои эронӣ бигардед. Фурӯшанда колои эронӣ бифурӯшад, харидор колои эронӣ бихарад, масъулин тавлиди эрониро кумак кунанд ва ҳимоят бикунанд ва аз воридот ва қочоқ ҷилавгирӣ кунанд».