Эрон мунтазири тақозои Чин ва Муғулистон барои сабти ҷаҳонии Наврӯз
(last modified Thu, 22 Mar 2018 12:41:04 GMT )
Март 22, 2018 17:41 Asia/Dushanbe
  • Эрон мунтазири тақозои Чин ва Муғулистон барои сабти ҷаҳонии Наврӯз

Муовини Созмони мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии Эрон гуфт, Эрон мунтазири тақозои расмии Чин ва Муғулистон барои пайвастан ба парвандаи сабти ҷаҳонии Наврӯз аст.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Муҳаммадҳасани Толибиён дар бораи пайвастани хоҳишмандони ҷадид ба парвандаи ҷаҳонии Наврӯз изҳор дошт, Эрон мунтазир аст то агар кишварҳои бештаре хоҳишманд ва хостори пайвастан ба парвандаи ҷаҳонии Наврӯз ҳастанд, эъломи омодагӣ кунанд.

Вай афзуд: “Дар ин сурат ин парвандаро бо теъдоди кишварҳои бештар барои сабти дубора ба Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид (Юнеско) ироа медиҳем”.

Парвандаи ҷаҳонии Наврӯз ибтидо соли 2009 бо талоши Эрон ва шаш кишвари дигар дар Юнеско сабт шуда буд.

Ин парванда декабри соли 2016, пас аз 18 моҳ баррасӣ ва бо узвияти 12 кишвар дар феҳристи мероси номалмус (ғайримоддӣ)-и ҷаҳонии Юнеско ба сабти ҷаҳонӣ расид.

Кишварҳои Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, Ҳинд, Қазоқистон, Покистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбакистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Ироқ ва Туркия узви парвандаи ҷаҳонии Наврӯз ҳастанд.

Маҷмаи умумии Созмони Милал 23-юми феврали соли 2010 бо тасвиби қатъномае, рӯзи 21-уми мартро дар чорчӯби моддаи Эъломияи СММ ва таҳти унвони “Фарҳанги сулҳ” ба унвони “Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз” ном гузорӣ кард.

 Иди Наврӯз ҷашне бо решаи эронӣ аст.