Март 22, 2018 21:22 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани ду сайёди эронӣ ба дасти марзбонони Туркманистон

Фармондори шаҳристони Бандари Туркман, дар шимоли Эрон гуфт, як гурӯҳи чаҳорнафара аз сайёдони Бандари Туркман, ки машғули моҳигирӣ дар баҳри “Хазар” буданд, бо тирандозии маъмурони марзбонии Туркманистон дар маҳдудаи марзҳои обии ду кишвар рӯбарӯ шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Илёси Ҳевачӣ афзуд, ин сайёдон сешанбешаб барои моҳигирӣ вориди “Хазар” шуда буданд ва ба далели ҳузур дар маҳдудаи марзҳои обии Эрон ва Туркманистон, тавассути марзбонони Туркманистон мавриди шиллик ё исобати гулӯла қарор гирифтаанд.

Ба гуфтаи вай, ду нафар аз сайёдон кушта ва ду нафари дигар, ки зинда мондаанд, ба ҳамроҳи ҷасадҳои кушташудагон, дар ихтиёри марзбонии Туркманистон қарор доранд.

Вай изҳор дошт: “Мутаассифона, ин гурӯҳи сайёдон дар маҳдудаи марзҳои обии ду кишвар иқдом ба моҳигирӣ кардаанд, ки бо бархурди номуносиби марзбонони Туркманистон рӯбарӯ шудаанд”.

Бандари Туркман дар ғарби устони Гулистон, дар шимоли Эрон воқеъ шуда ва шуғли бештари аҳолии ин минтақа моҳигирӣ ва вобаста ба баҳри “Хазар” аст.

Дар пайи ин ҳодиса Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон гуфт, Эрон ба иқдоми нерӯҳои марзии Туркманистон дар тирандозӣ ба моҳигирони эронӣ расман эътироз карда ва хостори тавзеҳ шудааст.