Март 23, 2018 18:55 Asia/Dushanbe
  • Абутуробифард: Инқилоби исломии Эрон ба миллатҳои минтақа ҳувият бахшидааст

Хатиби муваққати намози ҷумъам Теҳрон гуфт, иқтидори минтақаии Эрон баргирифта аз қудрати Ислом ва омӯзаҳои қуръонӣ аст, ки ба миллатҳои Фаластин, Яман, Сурия, Лубнон ва Ироқ низ ҳувият бахшидааст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайид Муҳаммадҳасани Абутуробифард дар нахустин хутбаҳои намози ҷумъаи соли 1397, истиқлоли сиёсии миллати Эронро як сармояи бузург ва гаронбаҳо хонд.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон изҳор дошт, раиси ҷумҳурии Амрико қудрати минтақаии Эронро барои Вашингтон нигаронкунанда хондааст, дар ҳоле ки ин масъала баргирифта аз Ислом ва омӯзишҳои ваҳёнӣ аст, ки ба миллатҳои минтақа ва муқовимат ҳувият бахшидааст.

Абутуробифард таъкид кард, иззати Эрон дар сояи имомат, пешвоёни солеҳ ва одил аст ва инқилоб ҳар чӣ дорад дар партави имом ва уммати солеҳи хеш аст ва тамоми қудрати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сояи ин ду гавҳари гаронбаҳо ба даст омадааст.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон дар идомаи хутбаҳо бо ишора ба номгузории соли 1397 ба соли “Ҳимоят аз колои эронӣ” аз сӯйи мақоми муаззами раҳбарӣ, бар лузуми ҳимоят аз тавлиди миллӣ ишора ва таъкид кард, колои эронӣ бояд аз болотарин кайфият ва камтарин ҳазина бархурдор бошад.