Март 25, 2018 09:38 Asia/Dushanbe
  • Ашраф Ғанӣ: Афғонистон хоҳони густариши равобит бо Эрон аст

Раисҷумҳури Афғонистон шанбе дар дидори ҳайъати Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷии ҷумҳурии исломии Эрон бо арзанда донистани сафари ин ҳайъат ба Кобул, бар густариши равобити ду кишвар таъкид кард.

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар ин дидор бо табрики иди Наврӯз ба давлату миллати Эрон, сафари ҳайъати эронӣ ба Афғонистонро дар ростои тавсеаи равобити Эрон ва Афғонистон мусбат арзёбӣ кард.

Камоли Харрозӣ, раиси Шӯрои роҳбурди равобити хориҷии ҷумҳурии исломии Эрон низ дар ин дидор паёми табрики наврӯзии раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва мардуми ҷумҳурии исломии Эронро ба давлату мардуми Афғонистон эълом кард.

Харрозӣ бо ишора ба равобити деринаи таърихии ду кишвар ва фарҳангу забони муштараки ҳар ду миллат, омодагии Эронро барои ҳамкорӣ бо Афғонистон дар арсаҳои мухталиф эълом кард ва афзуд: Эрон аз раванди сулҳ ба раҳбари афғонҳо ҳимоят мекунад.

 

Барчасп