Март 26, 2018 21:29 Asia/Dushanbe
  • Кинояи сахти вазири хориҷаи Эрон ба “гови ширдеҳи Амрико”

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамзамон бо оғози чаҳорумин соли муқовимати мардуми Яман дар муқобили ишғолгарии оли Сауд, бо кинояе сангин аз фурӯши таслиҳоти Амрико ба Арабистон интиқод кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи душанбе дар паёме твиттерӣ барои киноя задан ба валиаҳди ҷавони Саудӣ ба ҷумлаи маъруфе аз Трамп ишора кард, ки Арабистони Саудиро ба гови ширдеҳ ташбеҳ карда ва гуфта буд: Амрико бояд ин говро то ҳадди мумкин бидӯшад.

Зариф дар паёми твиттерии худ навишт; “Бархе аз ин ки дигаронро бидӯшанд, дар пӯсти худ намегунҷанд ва бархеи дигар ҳатто хушҳолтаранд, ки дӯшида шаванд”.

Зариф ҳамчунин таъкид кард, яманиҳо, ки бархе муҷримони ҷавон мехоҳанд бо боло рафтан аз дӯши онҳо, якшаба роҳи тараққиро тай кунанд, ҳамчунон аз сӯйи Ғарб фаромӯш шудаанд.

Арабистон дар таҷовузи худ ба Яман аз ҳимоятҳои мустақим ва ғайримустақими молӣ, низомӣ, сиёсӣ, амниятӣ ва иттилоотии Амрико ва режими саҳюнистӣ баҳраманд аст.