Март 27, 2018 18:11 Asia/Dushanbe

Бо ҳузури раисҷумҳурҳои Эрону Туркманистон мақомоти ду кишвар дар Ашқобод 13 санаду ёддошти ҳамкории муштарак имзо карданд.

Ҳамкорӣ дар заминаҳои фарҳангӣ, бозаргонӣ, саноатӣ, табодули электронии иттилооти гумрукӣ, ташкили Шӯрои муштараки тиҷорӣ, судури гувоҳии стандарт, ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ, варзишӣ, ҳамлу нақли ҳавоӣ, ҳамкорӣ миёни вазоратҳои умури хориҷии Эрону Туркманистон аз ҷумлаи асноди ҳамкории муштарак аст, ки рӯзи сешанбе масъулони олирутбаи ду кишвар дар ҳузури Ҳасани Рӯҳонӣ ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар Ашқобод имзо карданд.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар нишасти муштараки ҳайатҳои олирутбаи Эрону Туркманистон дар Ашқобод бо ишора ба ҳамкориҳои Эрону Туркманистон дар бахшҳои мухталиф, бавижа энержӣ, транзит ва ҳамлу нақл гуфт, оғози амалиёти иҷроии хати сеюми интиқоли барқ аз Эрон ба Туркманистон, ҳамкориҳои ҷадид дар ҳавзаи нафту гази баҳри Хазар ва роҳандозии сабукиҳо барои тавсеаи ҳамлу нақл миён ду кишвар метавонад гоми наве дар муносиботи иқтисодии Эрону Туркманистон бошад. Раисҷумҳури Эрон афзуд, Эрону Туркманистон бояд аз иштирокоти фарҳангӣ ва таърихии муштарак барои тавсеаи муносиботи дуҷониба дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла илм, таҳқиқот ва фанноварӣ, иртиботот ва гардишгарӣ истифода кунанд. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон низ ба тавсеаи муносиботи Теҳрону Ашқобод дар бахшҳои мухталиф, сиёсӣ, иқтисодӣ, бозаргонӣ ва фарҳангӣ ишора карда гуфт, Эрону Туркманистон дар бисёре аз мавзӯоти минтақаию байналмилалӣ, бавижа дар заминаи сулҳу тавсеаи ҷаҳонӣ дидгоҳҳои муштарак доранд.

Раисҷумҳури Эрон асри фардо бо даъвати расмии Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон озими Боку мешавад.