Солрӯзи вилодати Имом Муҳаммади Тақӣ (а) муборак бод!
Чаҳоршанбе, даҳуми раҷаби соли 1439-и ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо бисту ҳаштуми марти соли 2018-и милодӣ солрӯзи вилодати босаодати Имом Муҳаммади Тақӣ (а), аз наберагони Паёмбари гиромии Ислом (с) аст.
Имом Муҳаммади Тақӣ (а) даҳуми раҷаби соли 195-и ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина ба дунё омаданд ва пас аз шаҳодати падари бузургворашон Имом Ризо (а) уҳдадори масъулияти раҳбарии мусалмонон шуданд. Лақаби мубораки Имом Муҳаммади Тақӣ (а) Ҷаводи Аллома аст. Имом Ризо (а) дар бораи манзалати фарзандашон Имом Ҷавод (а) фармуданд: «Ман дорои писаре шудаам, ки ҳамчун Мӯсо (а) шикофандаи дарёҳои илм аст».
Имом Ҷавод (а) дар синни ҳаштсолагӣ ба имомат расиданд ва ҳабдаҳ сол даврони имомати ҳазрат будааст. Яъне эшон даврони имоматашонро аз кӯдакӣ то ҷавонӣ гузарондаанд. Дар даврони имомати Имом Ҷавод (а) фирқаҳои мухталифи исломию ғайриисломӣ рушд карда буданд ва улуму фунуни дигар миллатҳо мавриди таваҷҷуҳи вижа қарор гирифта буд. Ба ҳамин сабаб эшон вориди баҳсҳои илмию эътиқодӣ мешуданд ва дар мунозира бо намояндагони дигар динҳо барҳақ будани Исломро ба исбот мерасонданд.
Мардуми Эрони исломӣ дар солрӯзи вилодати босаодати Имом Муҳаммади Тақӣ (а) бо ҳузур дар маконҳои муқаддас, бавижа ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо (а) дар шаҳри Машҳад ҷашнҳоеро баргузор мекунанд. Бахши тоҷикии “Садои Хуросон” фаро расидани солрӯзи вилодати Имом Муҳаммади Тақӣ (а)-ро ба ҳама мусалмонону дигар озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.