Рӯҳонӣ Туркманистонро ба мақсади Боку тарк кард
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз поёни барномаҳои сафари расмӣ ба Туркманистон барои дидори расмӣ аз Ҷумҳурии Озарбойҷон озими Боку, пойтахти ин кишвар шуд.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи сешанбе вориди Ашқобод шуда, пас аз музокироти фишурда бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон дар нишасти муштараки ҳайатҳои олирутбаи ду кишвар ҳузур ёфта, роҳкорҳои густариши равобит ва ҳамкориҳои Теҳрону Ашқободро мавриди баррасӣ қарор дод. Имзои 13 санади ҳамкорӣ аз сӯйи масъулони олирутбаи Эрону Туркманистон дар ҳузури раисҷумҳурҳо ва боздид аз шаҳри мазҳабию таърихии Марв аз дигар барномаҳои раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сафар ба Туркманистон буд.
Рӯҳонӣ дар марҳалаи баъдии сафараш бо даъвати расмии Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон рӯзи чаҳоршанбе Марвро ба мақсади Боку тарк кард.