Апрел 01, 2018 16:17 Asia/Dushanbe
  • 12 фарвардин, рӯзи таҷаллои воқеии иродаи миллати бузурги Эрон

Шӯрои ҳамоҳангии таблиғоти исломии Эрон бо гиромидошти 12 фарвардин, рӯзи ҷумҳурии исломӣ таъкид кард: Рӯзи 12 фарвардин таҷаллои воқеии хосту иродаи миллати бузурги Эрони исломӣ дар таҳаққуқи ғайрат ва иззати исломӣ ва таъини сарнавишти кишвар ба дасти тавонманди мардуми муъмин ва инқилобии худ аст.  

Мардуми Эрон 39 сол пеш дар дувоздаҳуми фарвардини 1358 (аввали апрел 1979) бо ҳузури огоҳона дар арсаи ҳамапурсӣ ба ҷумҳурии исломӣ раъйи мусбат доданд ва ин рӯз ба номи рӯзи ҷумҳурии исломии Эрон номгузорӣ шуд.  

Шӯрои ҳамоҳангии таблиғоти исломии Эрон бо судури баёнияе эълом кард: Рӯзи 12 фарвардин, таҳаққуқи шиори “мо метавонем” дар тамоми арсаҳои миллӣ ва байналмилалӣ ва сароғози тавлиди бумии илм, халлоқият, фикр ва андешаи навин ва пуё мунтабиқ бар омӯзаҳои исломӣ ва қатъи дасти бегонагон аз сармоя, манобеъ ва манофеи миллии кишвар аст.  

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме ба муносибати оғози соли 1397 ҳиҷрии шамсӣ, соли ҷадидро соли “ҳимоят аз колои эронӣ” номгузорӣ карданд.