Апрел 02, 2018 16:45 Asia/Dushanbe
  • Cолрӯзи вафоти ҳазрати Зайнаб таслият бод

Эрони исломӣ дар солрӯзи вафоти ҳазрати Зайнаб (а) дар ғаму андуҳ ва сиёҳ‎пӯш аст.

Имрӯз, 15-уми раҷаби соли 1439-и ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо дувуми апрели соли 2018-и милодӣ солрӯзи вафоти ҳазрати Зайнаб (а), набераи Паёмбари гиромии Ислом (с), фарзанди ҳазрати Фотима (а) ва ҳазрати Алӣ (раз.) аст. Ҳазрати Зайнаб (а) дар канори бародарашон Имом Ҳусейн (раз.) бо ҷараёни мутаҳаҷҷир ва мунҳарифе мубориза мекарданд, ки ба исми дифоъ аз Ислом фоҷиаи бузурги Карбалоро ба вуҷуд оварданд. Эшон пас аз шаҳодати бародари бузургворашон Имом Ҳусейн (раз.) ва ёрони бовафояш ҳамроҳи дигар хонадони аҳли байти исмат ва таҳорат ба асорат бурда шуданд, аммо дар ҳамин асорат бо хутба‎ҳои пуршӯру мантиқӣ моҳияти аслии бани Умайяро ифшо карданд. Наҳзати хунини Имом Ҳусейн (раз.) бо ифшогариҳои ҳазрати Зайнаб (с) дар Кӯфа ва Шом зидди дастгоҳи ҳукумати Язид аҳдоф ва фалсафаи қиёми Имом Ҳусейн (раз.)-ро барои ҳамеша мондагор кард.

Ҳазрати Зайнаб (а) дар соли 63-и ҳиҷрии қамарӣ вафот карданд.

Радиои тоҷикии “Садои Хуросон” фаро расидани солрӯзи вафоти ҳазрати Зайнаб (с)-ро ба ҳама мусалмонони ҷаҳон таслият мегӯяд.