Август 30, 2016 12:20 Asia/Dushanbe
  • Зарурати нақшофарии Табрезу Хуҷанд дар тавсеаи равобити фарҳангию туристии Эрону Тоҷикистон

Шаҳрдори Табрез бо таъкид ба тақвияти иртибототи фарҳангӣ байни ду шаҳри хоҳархонда, Табрезу Хуҷанд гуфт, заминаҳои муштараки фарҳангию иҷтимоии Табрезу Хуҷанд талаб мекунад, ки равобити байни ду шаҳр дар сатҳи бисёр фаротар аз вазъияти феълӣ идома ёбад.

Содиқи Наҷафӣ дар дидор бо сафири Тоҷикистон дар Эрон бо ишора ба сохтори ташкилоти шаҳрдориҳои Эрон изҳор дошт, шаҳрдориҳои Эрон бо таваҷҷуҳ ба бархурдорӣ аз истиқлоли нисбӣ метавонанд аҳдофи дипломатии худро дар системаи равонтаре пеш баранд. Бар ин асос, Табрез аҳдофи иртиботӣ бо Тоҷикистонро дар гарави баҳрагирӣ аз иштирокоти фарҳангӣ ва тақвияти дипломатияи шаҳрӣ медонад. Ӯ таъкид кард, баргузор шудани ҳафтаҳои фарҳангӣ, фаъолсозии турҳои гардишгарӣ (туристӣ) ва иҷрои муносиботи варзишӣ, аз ҷумлаи иқдомоте аст, ки сафоратҳои ду кишвар метавонанд ин ҳамаро замина гузоранд.

Шаҳрдори Табрез Камол Хуҷандӣ, шоири бузурги Хуҷандиро намоди асилу пурифтихори пайванди таърихии ду кишвар хонда афзуд, ин шоири ширинсухан Табрезро барои сукунат интихоб карда, бо тавсифҳои камназири худ аз фазои шаҳри Табрез ягонагии фарҳангӣ ва таърихии ду миллатро ба хубӣ баён менамояд. Наҷафӣ иҷлоси Табрезро фурсати арзишманде дар равобити байналмилалии Табрез хонда, изҳор умедворӣ кард, ин нишасти муҳим дар канори аҳдофи гардишгарии Табрез заминаи наздикии шаҳрҳои таърихию эҳёи нақши фарҳангии ин шаҳрҳоро фароҳам мекунад.

Неъматуллоҳ Имомзода, сафири Тоҷикистон дар Эрон низ, ки барои ширкат дар иҷлоси вузарои гардишгарии Маҷмаи гуфтугӯи ҳамкориҳои Осиё ба Табрез сафар кардааст, дар ин дидор бо баёни ин ки равобити иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар рӯз ба рӯз дар ҳоли пешрафт аст, изҳор дошт, ҳузури пурранги ширкатҳои эронӣ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин таҳсили донишҷуён эронӣ дар ин кишвар нишондиҳандаи раванди муваффақи ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангии ду кишвар дар давраи муосир аст.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон дар бахши дигаре аз суханон худ бо ишора ба афзоиши сатҳи ҳамкории Тоҷикистону Эрон бо меҳварияти Хуҷанду Табрез ба лузуми соддатар кардани судури раводид байни тарафайн таъкид карда гуфт, сафорати Тоҷикистон дар Эрон аз ҳеҷ талоше барои тақвияти равобити ду тараф фурӯгузор нахоҳад буд. Ӯ бо табрики интихоби Табрез ба унвони пойтахти гардишгарии кишварҳои исломӣ дар соли 2018 гуфт, иҷлоси Табрез бистари муҳиме аст, ки фаъолони иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гардишгарии кишварҳои мухталифро бо зарфиятҳои таърихӣ ва дастовардҳову хадамоти шаҳри Табрез ошно хоҳад сохт.

Дар поёни ин дидор ҳадяҳое аз саноати дастию фарҳангӣ байн ду тараф мубодила шуд.

 

Барчасп