Апрел 03, 2018 16:03 Asia/Dushanbe
  • Cафари вазири умури хориҷии Эрон ба Туркия

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар садри як ҳайати сиёсӣ зуҳри рӯзи сешанбе Теҳронро ба мақсади Анкара, пойтахти Туркия тарк кард.

Қарор аст, Муҳаммадҷаводи Зариф дар нишасти сеҷонба бо ҳузури вазирони хориҷии Русия ва Туркия охирин таҳаввулоти Сурия ва раванди Остонаро пеш аз баргузории нишасти сарони се кишвар дар Анкара баррасӣ кунад. Вазирони умури хориҷии Эрон, Русия ва Туркия пеш аз ин нахустин бор дар Остона, пойтахти Қазоқистон ва дар чорчӯби ройзаниҳо барои ҳалли буҳрони Сурия гуфтугӯ карданд.

Нишасти раисҷумҳурҳои Эрон, Русия ва Туркия дар бораи музокироти Остона ва буҳрони Сурия ҳам қарор аст, рӯзи чаҳоршанбе дар Анкара баргузор шавад.

Муҳаммадҷаводи Зариф, раиси дастгоҳи дипломатии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин дар поёни сафараш ба Туркия ба Ҷумҳурии Озарбойҷон ва сипас ба Ҷумҳурии Худмухтори Нахҷавон хоҳад рафт.

 

Барчасп