Апрел 03, 2018 17:03 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз дастовардҳои ҳастаии Эрон  

Сухангӯи Созмони энержии атомии Эрон эълом кард, аз фановарии доруҳои ҳастаӣ (радиофармпрепарат) ва изотопҳои пойдоре дар Рӯзи миллии фанноварии ҳастаӣ (нуҳум апрел) бо ҳузури Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯнамоӣ мешавад. Нуҳуми апрел, 20-уми фарвардин ба поси қадрдонӣ аз талошҳои ифтихоромези донишмандони ҳастаии Эрон ва такмили чархаи сӯхти ҳастаӣ Рӯзи миллии фанноварии ҳастаӣ дар Эрон номгузорӣ шудааст.

Беҳрӯзи Камолвандӣ, сухангӯи Созмони энержии атомии Эрон рӯзи сешанбе бо ишора ба рӯнамоӣ аз дастовардҳои ҷадиди ҳастаии Эрон гуфт, ҷумҳурии исломӣ дар заминаи доруҳои ҳастаӣ пешрафтҳои қобили таваҷҷуҳе доштааст ва илова бар таъмини доруи як миллион бемори дохили Эрон ба хориҷ аз кишвар низ радиодору содир мекунад. Камолвандӣ дар бораи ин ки пас аз БарҶом чӣ пешрафтҳои дар фанноварии ҳастаии Эрон рух додааст, афзуд, энержии ҳастаии Эрон пас аз БарҶом пешрафтҳои хуберо дошта, ба тавре ки иртибототи хуберо бо ҷаҳон барқарор карда, теъдоди зиёди ёддошти тафоҳум ва қарордод бо кишварҳои дигар имзо кардааст. Сухангӯи Созмони энержии атомии Эрон бо баёни ин ки тахассуси Эрон дар заминаи ҳастаӣ метавонад ба анҷоми таҳқиқот дар кишварҳои пешрафта кумак кунад, тасреҳ кард, баргузории семинарҳо дар робита бо тавсеаи фанноварии ҳастаӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва Русия, ки чанде пеш баргузор шуд, ба пешрафтҳои ҳастаии Эрон ва ин кишварҳо кумак мекунад.

 

Барчасп