Апрел 04, 2018 14:06 Asia/Dushanbe
  • Иртиқои рутбаи киштиронии Эрон дар раддабандии ҷаҳонӣ

Киштиронии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар охирин рутбабандии байналмилалии мунташиршуда аз сӯйи муассисаи таҳқиқоти дарёии “Алфалайнер” бо ду зина боло рафтан, ҷойгоҳи 19-и бартаринҳои ҳамлу нақли контейнериро аз они худ кард.

Ба гузориши сомонаи киштиронӣ, гурӯҳи киштиронии Ҷумҳурии Исломии Эрон тавонист тайи муддати як сол байни 100 ширкати бартари ҳамлу нақли контейнери муаррифишуда аз сӯйи “Алфалайнер”, аз рутбаи 21 ба 19 иртиқо ёбад.

Бар асоси ин гузориш, новгони ҳамлу нақли контейнери гурӯҳи киштиронии Ҷумҳурии Исломии Эрон тавонист бо 46 киштии шиновари контейнерӣ ба зарфияти 96 ҳазору 383 TEU (воҳиди шумориши контейнер) аз ширкатҳои рақиби худ фосила бигирад.

Дар ҳоли ҳозир чаҳор киштии шиновар ба зарфияти 58 ҳазор TEU  дар листи супоришоти ин ширкат вуҷуд дорад, ки дар сурати гузаронидан ба новгони контейнерӣ, теъдоди шиноварҳои гурӯҳ ба 50 адад мерасад.

Тибқи ҷадвали бартаринҳои ҳамлу нақли контейнерӣ, ҷойгоҳи аввал то севум ба ширкатҳои киштиронӣ дар Дания, Швейтсария ва Фаронса тааллуқ дорад.

Киштиронии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар даврони таҳрим аз листи раддабандии муассисаи таҳқиқоти дарёии “Алфалайнер” хориҷ шуда буд.