Апрел 04, 2018 19:32 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳони дар Анкара: Буҳрони Сурия роҳҳалли низомӣ надорад

Раисҷумҳури исломии Эрон дар дувумин Иҷлоси сеҷонибаи сарони Туркия, Эрон ва Русия дар бораи Сурия таъкид кард, буҳрони Сурия роҳҳалли низомӣ ё дикташуда аз хориҷ надорад.

Ҳасани Рӯҳони дар дувумин Иҷлоси сеҷонибаи раисон ҷумҳури Эрон, Русия ва Туркия дар бораи Сурия дар Анкара гуфт: Ояндаи Сурия танҳо аз тариқи интихоби демократии мардуми Сурия рақам хоҳад хурд.

Рӯҳони таъкид кард, Эрон аз оғози буҳрони Сурия, роҳи низомиро барои ҳалли он рад кард ва тарҳе чаҳор моддаиро ироа дод.  

Раисҷумҳури Эрон афзуд: Конгресси гуфтугӯи миллии Сурия, заминаи муносиберо барои оғози фароянди ҳалли мусоламатомези буҳрони Сурия фароҳам кардааст.

Ҳасани Рӯҳони чаҳоршанбе дар дидор бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар Анкара низ гуфт: Тавсеа ва тақвияти ҳамкориҳои минтақаии Эрон ва Туркия дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла густариш амният, оромиш ва субот дар кишварҳои минтақа ба вижа Яман, ҳифзи якпорчагии сарзаминии кишварҳо ва ҷилавгирӣ аз тағйири марзҳои ҷуғрофиёӣ ва мубориза бо терроризм бисёр муҳим ва таъсиргузор хоҳад буд.  

Раисҷумҳури Туркия низ дар ин дидор, талоши Эронро барои баргузор шудани ҳарчи беҳтари иҷлоси Анкара нишондиҳандаи ҷиддӣ будани ду кишвар дар тавсеаи ҳамкориҳои минтақаӣ донист.  

Вай ҳамкорӣ ва ройзаниҳои Эрон ва Туркияро дар ҳалли масоили минтақаӣ созанда ва мусбат арзёбӣ кард.