Апрел 07, 2018 17:41 Asia/Dushanbe
  • Нақши муҳимми Эрон дар мубориза ва шикасти терроризм дар минтақа

Дипломати пешини Покистон бо ташреҳи нақши муҳимми Ҷумҳурии Исломии Эрон дар муқобила бо терроризми байналмилалӣ, гуфт, Эрон тамоми талошҳои худро барои решакании терроризм дар минтақа бакор гирифтааст.

Фавзия Насрин, дипломати пешини Покистон дар Австралия, Непал ва Лаҳистон ва аз таҳлилгарони он кишвар имрӯз (шанбе) дар гуфтугӯ бо хабарнигори ИРНА  дар Исломобод, бо баёни ин ки Эрон барои таъмини амнияти минтақа нақши қобили таваҷҷуҳе ифо кардааст, гуфт, иқдомоти Теҳрон барои мушорикат бо дигар кишварҳои минтақа барои муқобила бо терроризм, қобил тамҷид аст.

Фавзия Насрин аз терроризм ба унвони решаи ҳамаи мушкилоти минтақа ёд кард ва гуфт , то замоне, ки терроризм решакан нашавад дар минтақа сулҳу оромиш барқарор намешавад.

Вай ҳамчунин бо таъкид бар иттиҳоди кишварҳои минтақа барои решакании терроризм афзуд ,ҳамаи кишварҳои минтақа ба навъе аз ифротгароӣ ва терроризм зарба хӯрдаанд ва дар чунин вазъияте, мушорикати ҳамаҷониба аз сӯи ин кишварҳо барои пайдо кардани роҳе ба манзури муқобила бо ин падидаи шум инкорнопазир аст.

Кишварҳои ғарбӣ дар садри он Амрико ба манзури чаповул ва ғорати сарватҳои минтақа ва расидан ба аҳдофи худ, гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ, аз ҷумла ДИИШ-ро дар минтақа ташкил доданд.

 

Барчасп