Апрел 07, 2018 18:29 Asia/Dushanbe
  • Сармоягузории 50 дарсадии олмониҳо дар Эрон

Ҷонишини раиси Созмони бурси Эрон дар умури байналмилал аз сармоягузории беш аз 50 дарсадии олмониҳо дар Эрон, хабар дод.

Баҳодури Бежанӣ, ҷонишини раиси Созмони бурси Эрон дар умури байналмилал бо ишора ба таомулоти байналмилалии бозори сармояи Эрон гуфт, сармоягузорони олмонӣ ба бозор, ниҳоди нозир, бурсҳо ва куллияи фаъолони бозори сармояи Эрон эътимод доранд, ба ҳамин далел беш аз 50 дарсади ҳаҷми сармоягузорӣ дар бозори сармояи Эрон, мутааллиқ ба олмониҳо аст.

Бежанӣ бо баёни ин ки яке аз муҳиммтарин таъсироти байналмилалӣ шудани бозори сармояи Эрон, боло рафтани стандартҳо аст, афзуд, Созмони бурс ва авроқи баҳодори Эрон иртиботи бисёр хубе бо ниҳоди нозири бурси Чин, Туркия, Гонконг, Уммон ва Юнон дорад.

 

Барчасп