Апрел 08, 2018 13:01 Asia/Dushanbe
  • Ибрози ҳамдардии Эрон бо миллати Канада

Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ибрози таассуф аз кушта шудани 14 тан аз бозикунони як тими варзишӣ дар Канада дар як садамаи ронандагӣ, бо мардуми ин кишвар ва хонаводаи қурбониён ибрози ҳамдардӣ кард.

Бар асари садамаи як мошини борбарӣ бо як автобуси бозикунони тими хоккей “Humboldt Broncos”-и Канада, дар ғарби ин кишвар, 14 нафар аз бозикунони ин тим ҷони худро аз даст доданд.

Дар ин садама, ки рӯзи шанбе дар бузургроҳе дар устони “Skatchewan”- Канада рӯй дод, 14 бозикунони ин тим низ захмӣ шуданд, ки ҳоли се нафар аз маҷрӯҳон вахим гузориш шудааст.

28 нафар аз бозикунони тими хоккей “Humboldt Broncos” дар ин автобус буданд.