Апрел 08, 2018 13:56 Asia/Dushanbe
  • Муваффақияти муҳаққиқони эронӣ дар истифода аз лаҷани нафтӣ барои тавлиди семент

Муҳаққиқони донишгоҳи санъатии Амиркабири Эрон равишеро барои истифода аз лаҷани нафтӣ дар тавлиди семент ироа карданд, ки корбурдишудани он, олояндагиҳои экологиро коҳиш хоҳад дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, ҳадаф аз иҷрои ин тарҳ ҳазфи олояндагии металлиҳои сангин дар лаҷани бархоста аз фарояндҳои полойишӣ аст.

Яке аз мушкилоти мавҷуд дар тамомии саноъати нафт,  шомили полойишгоҳҳо, петрошимиҳо, марказҳои истихроҷ, ҳамлу поёнаҳо, мушкили вуҷуди лаҷанҳои дорои металлиҳои сангин ва таркиботи нафтӣ буда, ки онро ба як мушкили ҷиддии экологӣ табдил кардааст.

Истифода аз лаҷанҳои нафтӣ дар фароянди тавлиди семент яке аз беҳтарин роҳи ҳалҳо барои ин мушкил аст.

Дар ин равиш, ки дар бархе аз кишварҳои санъатӣ монанди Амрико, Канада ва бархе аз кишварҳои аврупоӣ иҷро шудааст, аз муҳтавои ҳароратии мавҷуд дар лаҷанҳои нафтӣ ба унвони таъмини бахше аз сузишвории кураҳои мавриди ниёзи семент истифода мешавад.