Апрел 08, 2018 14:17 Asia/Dushanbe
  • Оғози сафари давраии Зариф ба Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ аз имрӯз

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон асри якшанбе ба чанд кишвари Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ сафар мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Баҳроми Қосимӣ афзуд, Зариф дар садри ҳайати баландпояи сиёсӣ ва иқтисодӣ ба кишварҳои Бразилия, Уругвай ва Намибия сафар ва бо мақомоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва парлумонии ин кишварҳо дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.

Ба гуфтаи вай, Зариф дар ин сафар илова бар ширкат ва суханронӣ дар нишастҳои иқтисодӣ ва тиҷории дуҷониба, дар бархе муассисоти мутолиотии онҳо низ суханронӣ хоҳад кард.

Қосимӣ хотирнишон кард, Зарифро дар ин сафар намояндагони даҳҳо ширкат ва корофаринони ҳавзаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, молӣ ва донишбунён аз бахшҳои хусусӣ ва давлатӣ, ҳамроҳӣ мекунанд.