Солеҳӣ хабар дод: Ғанисозии 20 дарсад дар Фарду дар сурати бозгаштпазирӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i32380-Солеҳӣ_хабар_дод_Ғанисозии_20_дарсад_дар_Фарду_дар_сурати_бозгаштпазирӣ
Раиси Созмони энержии атомии Эрон таъкид кард: Эрон дар сурати ниёз ба бозгаштпазирӣ, фароянди ғанисозии 20 дарсадӣ дар сайти Фардуро чаҳоррӯза аз сар мегирад.  
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 08, 2018 16:29 Asia/Dushanbe
  • Солеҳӣ хабар дод: Ғанисозии 20 дарсад дар Фарду дар сурати бозгаштпазирӣ

Раиси Созмони энержии атомии Эрон таъкид кард: Эрон дар сурати ниёз ба бозгаштпазирӣ, фароянди ғанисозии 20 дарсадӣ дар сайти Фардуро чаҳоррӯза аз сар мегирад.  

Алиакбари Солеҳӣ афзуд: Агар барномаи ҷомеи иқдоми муштарак БАРҶОМ ба ҳам бихурад ва ҷумҳурии исломии Эрон бино бар тасмими мақомоти аршади худ бихоҳад, баргаштпазирӣ кунад, ин корро ба наҳви аҳсан анҷом хоҳад дод.  

Раиси Созмони энержии атомии Эрон дар хусуси беэътимодӣ ба душманони инқилоби исломии Эрон ба вижа Амрико низ гуфт: БАРҶОМ, намунаи шохис ва мисдоқи боризе аст, аз инки амрикоиҳо қобили итминон нестанд.  

Вай тасреҳ кард: Амрико дар пушти пардаи ҳама иқдомоти манфӣ ва салби фазои ҳамкорӣ бо Эронро анҷом медиҳад ва дигар кишварҳоро аз ҳамкорӣ бо Эрон метарсонад, ин воқеият нишон медиҳад, Амрико қобили эътимод нест.

Тавофуқи ҳастаии Эрону гурӯҳи панҷи ба иловаи як (Англия, Фаронса, Русия, Чин, Амрико ва Олмон) аз январи 2016 иҷроӣ шудааст, аммо давлати Амрико ба унвони яке аз аъзои ин гурӯҳ ҳамвора дар иҷрои БАРҶОМ бадаҳдӣ мекунад.