Апрел 09, 2018 13:41 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Ба коргирии силоҳи кимиёвӣ дар ҳар ҷои ҷаҳон маҳкум аст

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, Эрон бар асоси сиёсатҳои усулии худ ва омӯзаҳои динӣ ва ахлоқӣ, бакор гирии силоҳҳои кимиёвиро аз сӯи ҳар касе ва дар ҳар ҷои ҷаҳон маҳкум мекунад.

Ба гузориши ИРНА, Баҳроми Қосимӣ рӯз якшанбе бо ишора ба ҳамлаи кимиёвӣ ба минтақа Дума дар Ғӯтаи шарқии Димишқ пойтахти Сурия, гуфт, иддаои истифодаи артиши Сурия аз силоҳи кимиёвӣ дар шаҳри Дума бо воқеиятҳои мавҷуд ҳамхонӣ надорад.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон афзуд, дар ҳоле, ки артиши Сурия дасти бартарро дар майдони набард бо террористҳои мусаллаҳ дорад, истифодаи онҳо аз мавод ё силоҳи кимиёвӣ амре мантиқӣ баназар намерасад.

Вай таъкид кард, давлати Сурия ҳамкории матлубе бо Созмони Милали Муттаҳид дар мавзӯи кимиёвӣ дошт ва ҷомеаи байналмилал пас аз пайвастан ин кишвар ба Муоҳидаи манъи густариши силоҳҳои кимиёвӣ, тамоми имконоти тавлид ва сохти силоҳҳои кимиёвии онро нобуд кард.

Қосимӣ ҳушдор дод, тарҳ чунин иддаоҳое аз сӯи Амрико ва бархе кишварҳои ғарбӣ бар печидагии авзои Сурия ва минтақа хоҳад афзуд ва террористҳоро дар идомаи ҷиноёти худ, густохтар хоҳад сохт.

Дар ҳамлаи кимиёвии шанбешаби террористҳо ба минтақаи Дума дар Ғӯтаи шарқии Сурия, даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд.