Апрел 14, 2018 15:47 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Эрон барои кумакҳои дармонӣ ва пизишкӣ ба Сурия

Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз омодагии Теҳрон барои кумакҳои дармонӣ ва пизишкӣ ба Сурия хабар дод.

Ҳасани Қозизодаи Ҳошимӣ, рӯзи шанбе паёмҳои ҷудогонае ба Низар Ёзҷӣ, вазири беҳдошти Сурия ва масъули дафтари минтақаии Созмони ҷаҳонии беҳдошт ирсол кард.

Вай бо маҳкум кардани ҳамалоти ҷинояткоронаи мушакии Амрико, Англия ва Фаронса ба Сурия, бар омодагии Вазорати беҳдошти Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ирсоли кумакҳои пизишкӣ дар сурати ниёз, таъкид кард.

Раисиҷумҳури Амрико ҷумъашаб ба вақти маҳаллӣ ба баҳонаи ҳамлаи кимиёвӣ дар минтақаи Дума, наздики Димишқ ва муттаҳам кардани давлати Сурия дар ин ҳамлаи иддаоӣ, дастури ҳамла ба Сурияро бидуни иҷозаи Шӯрои амнияти Созмони Милал содир кард.

Ҳамалоти Амрико бо мушорикати Фаронса ва Бритониё анҷом шуд.

 

Барчасп